User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 24 апрели соли равон ҷаласаи назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар дастгоҳи раиси вилоят, соҳаҳои фарҳангу маориф ва сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

Дар асоси қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз санаи 19.04.23 Фазилат Нурхонова - муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, Наврузхотун Назарбекова - сармутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят, Бону Саломатшоева -мутахассиси пешбари шуъбаи саноат, энергетика коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Гавҳар Гуламадшоева - сармутахассиси шуъбаи фарҳанги вилоят, Парпишо Шоназаров - сармутахассиси раёсати кишоварзии вилоят, Моҳпайкар Чароғабдолова - мутахассиси шуъбаи фарҳанги вилоят, Ҳалима Худобердиева - мутахассиси пешбари раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, Адим Мирзоев - мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят, Шафтолу Хушмардов - сармутахассиси раёсати маорифи вилоят, Фарзона Муродалиева - мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ва Баноз Байгова -мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои маъхсуси дастгоҳи раиси вилоят таъин гардиданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни муаррифии кадрҳои навтаъин таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд, дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҳимояи манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузорем.

 

                                                               

Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон