User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 14 октябри соли 2022 бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз- заминаи рушди босуботи кишвар» дар толори Кохи Суғдиён- и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чорабинии тантанавии Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар чорабинии  мазкур Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Ҷумъа Давлатов- директори Агентии хизмати давлатӣ, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Зайнура Азимӣ- муовини раиси вилояти Суғд, Рафиқа Мусоева- собиқадори хизмати давлатӣ, вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва Гулафзо Савриддинова- собиқадори хизмати давлатӣ, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар чорабинии мазкур 350 нафар хизматчиёни давлатии ниҳодҳои давлатии ҳудуди вилояти Суғд иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ- Ҷумъа Давлатов меҳмонон ва иштирокчиёнро аз номи ҳайати меҳнатии Агентии хизмати давлатӣ хайрамақдам намуда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ таҷлили 30 солагии Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ муборакбод намуд.

Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи таърихӣ, меҳмонони даъватӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ вобаста ба аҳамияти баргузории ин ҷаласаи таърихӣ, аҳамияти он ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҳассос дар он давра, заҳматҳои нотакрор ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи комил, таъмини истиқлоли давлатӣ, пойдориву ягонагии миллату давлат суханронӣ намуданд.

 

                                                                                   Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон