User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 2-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст, бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»-ро эълон намудааст.

         Озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи се бахш гузаронида мешавад:

        -бахши якум-моҳои май-август барои занон-хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рашт;

         -бахши дуюм-моҳои сентябр-октябр барои занон-хизматчёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва соҳторҳои тобеъ он дар шаҳри Душанбе;

         -бахши сеюм ҷоизасупорӣ барои ғолибон бахшҳои якум ва дуюм дар шаҳри Душанбе;

         Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, ва сеюм озмун тавассути шабакаҳои телевизёнӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.

         Дар озмуни мазкур занон-хизматчиёни давлатӣ новобаста аз синну сол тибқи талаботи Низомнома иштирок карда метавонанд.

         Дар назди мақомоти марказӣ ва соҳторҳои тобеи онҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба баррасӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон гурӯҳи корӣ дар доираи 3-5 нафар дар ҳайати раис, котиб ва аъзои гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби роҳбари мақомоти даҳлдор тасдиқ карда мешавад.

         Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои довталаб 20 рӯз пеш аз баргузории озмун ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад.

         Талабот ба довталабон:

         а) Сифатҳои касбӣ: донишҳои сиёсӣ ва касбӣ; иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (сифатнокии натиҷаи кори хизматчии давлатӣ, дараҷаи интизомнокӣ); донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих ва фарҳанг; донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ (электронӣ); татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда; такмили ихтисос; таҷрибаи корӣ (собиқаи меҳнатӣ); қобилияти таҳлилӣ; маҳорати ифодаи фикр;

         б) Сифатҳои кордонӣ: идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон (ҳамкорон), маҳорати ташкили кор (қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ); маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; масъулиятшиносӣ, доштани қобилияти идоракунӣ ва роҳбарӣ.

         в) Сифатҳои ахлоқӣ: одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон; поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

         Довталабон аз рӯи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешаванд:

         - навиштани иншо бо забони давлатӣ;

         -навиштани диктант бо забони русӣ;

         -муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохторӣ/мақомоти давлатӣ ва бартарф намудани камбудиҳо дар самти муайян;

         -кор бо технологияи иттилоотӣ;

         -саволу ҷавоб.

        

 

 

 

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон