User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 3 майи соли 2023 бо иштироки Саидзода Шаҳбоз - сардори Шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар 16 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар бахшу сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки эълони он қаблан тавассути нашрияҳои шаҳрӣ чоп гардидаанд, 11 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод карда, дар озмун иштирок намуданд.

Комиссияи озмуни мазкур бо гузаронидани санҷиш тибқи талаботи Низомнома дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои маъмурии холии хизмати давлатӣ 9 нафар довталабонро ба мансабҳои интихобнамудаашон мувофиқ донистанд.

 

 

 

                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон