Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.
Дар робита ба ин, аз 5 марти соли 2026, №46 фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ «Дар бораи баргузории озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ», аз ҷумла барои ишғоли мансабҳои холии Ёрдамчии директори Агентӣ, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентӣ, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба тасвиб расид.
Матни эълон аз 6 марти соли 2026 дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонаи сомонаи Агентии хизмати давлатӣ www.ahd.tj дар гушаи «Озмун» ҷой дода шуда, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» қабул карда мешаванд. Мумкин аст, ки ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронии info06-@ahd.tj пешниҳод карда шаванд.
Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудааст, мувофиқат мекунанд.
Бо мақсади дастрасӣ ба талаботи тахассусии мансаби мазкур (уҳдадориҳои мансабӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият, дастурамали мансабии мансабҳои зикргардида ва номгӯйи саволҳои озмун) хоҳишмандон метавонанд дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.
Суроғаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: info06-@ahd.tj, нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj