Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 93 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дар дастгоҳи Суди Олӣ:

  1. Муовини сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 5283,55 сомонӣ.
  2. Ёрдамчии судяи Суди Олӣ — 3 ҷой, маоши мансабӣ — 3225,35 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Раёсати омор ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3071,90 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Раёсати омор ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2265,70 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳои Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2265,70 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Раёсати марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1959,90 сомонӣ.
  7. Мутахассиси Раёсати баррасии муроҷиатҳои Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1959,90 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳои Суди Олӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1959,90 сомонӣ.

 Дар суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:

  1. Ёрдамчии раиси суди ВМКБ — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 2783,88 сомонӣ.
  2. Пристави судии суди ВМКБ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1865,20 сомонӣ.
  3. Котиби маҷлиси судии суди ВМКБ — 3 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  4. Котиби коллегияи судии суди ВМКБ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  5. Котиби судии суди шаҳри Хоруғ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  6. Котиби судии суди ноҳияи Шуғнон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  7. Котиби судии суди ноҳияи Дарвоз — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  8. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Дарвоз — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  9. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рўшон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  10. Котиби судии суди ноҳияи Рўшон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  11. Котиби судии суди ноҳияи Ишкошим — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.

Дар суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:

  1. Мудири бахши молияи суди вилояти Суғд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2783,88 сомонӣ.
  2. Ёрдамчии раиси суди вилояти Суғд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2783,88 сомонӣ.
  3. Сармутахасиси шуъбаи таъмини ташкили кори судҳои суди вилояти Суғд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2319,90 сомонӣ.
  4. Мутахасиси пешбари шуъбаи таъмини ташкили кори судҳои суди вилояти Суғд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2057,20 сомонӣ.
  5. Котиби коллегияи судии суди вилояти Суғд — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1695,80 сомонӣ.
  6. Ёрдамчии раиси суди шаҳри Хуҷанд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2648,05 сомонӣ.
  7. Сармутахассис — сармуҳосиби суди шаҳри Хуҷанд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  8. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд — 3 ҷой, маоши мансабӣ — 1531,20 сомонӣ.
  9. Котиби судии суди шаҳри Хуҷанд — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  10. Пристави судии суди шаҳри Истаравшан — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1865,20 сомонӣ.
  11. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Истаравшан — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  12. Котиби судии суди шаҳри Истаравшан — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  13. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Конибодом — 3 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  14. Котиби судии суди шаҳри Конибодом — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  15. Котиби судии суди шаҳри Бӯстон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  16. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ҷаббор Расулов — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  17. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Зафаробод — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  18. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 8 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  19. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ашт — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.

Дар суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:

  1. Пристави судии суди шаҳри Бохтар — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1959,90 сомонӣ.
  2. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Норак — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  3. Пристави судии суди ноҳияи Шаҳритус — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  4. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шаҳритус — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  5. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Кӯшониён — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  6. Котиби судии суди ноҳияи Дӯстӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  7. Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Ёвон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3225,35 сомонӣ.
  8. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ёвон — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  9. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Носири Хусрав — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  10. Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Қубодиён — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3225,35 сомонӣ.
  11. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Қубодиён — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  12. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Балҷувон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  13. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Хуросон — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  14. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Фархор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.

Дар суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он:

  1. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе — 3 ҷой, маоши мансабӣ — 1612,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис-сармуҳосиби суди ноҳияи Сино – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  3. Ёрдамчии раиси суди ноҳияи Шоҳмансур — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2793,90 сомонӣ.
  4. Пристави судии суди ноҳияи Шоҳмансур — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1959,90 сомонӣ.
  5. Мутахассис – мушовири суди ноҳияи Шоҳмансур — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  6. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шоҳмансур — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.

 Дар судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

  1. Котиби судии суди шаҳри Турсунзода — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  2. Мутахассис-мушовири суди шаҳри Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  3. Котиби судии суди шаҳри Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  4. Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Роғун — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1529,00 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар-тарҷумони суди ноҳияи Шаҳринав — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  6. Ёрдамчии раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2522,55 сомонӣ.
  7. Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рӯдакӣ — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  8. Котиби судии суди ноҳияи Сангвор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  9. Котиби судии суди ноҳияи Тоҷикобод — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.
  10. Котиби судии суди ноҳияи Лахш — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,50 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон

  1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи дуюм:
  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собикаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии мехнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи сеюм:
  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи чорум:
  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:
  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:
  • таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
  1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:
  • таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

    — ариза ба унвонии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     — варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ( маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, аниқу фаҳмо нишон дода шаванд);

    — тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастӣ);

— нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014) агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;

— нусхаи диплом бо замимааш;  

— расм (3х4 ранга 4 дона ва 4х6 2 дона);

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиқаи меҳнатӣ);

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

— эъломия дар бораи даромадҳо ва ваъзи молу мулки худ;

— маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

— маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

— нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);

— маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;

— ҷузвдон (скорошиватель)

— лифофа

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко-55,

шаҳри Хоруғ, кўчаи Ш.Шоҳтемур-81, бинои суди ВМКБ;

шаҳри Хуҷанд, кўчаи Сирдарё-46, бинои суди вилояти Суғд;

шаҳри Бохтар, кўчаи Ваҳдат, бинои суди вилояти Хатлон.

Телефонҳо барои тамос: 221-38-44, 221-08-28

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин