Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 5 феврали соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон барои сохторҳои кадрии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Татбиқи технологияҳои кадрӣ ва рақамикунонии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  курси такмили ихтисос  ташкил карда шуд.

Дар ифтитоҳи курси мазкур ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидов Шоҳрух, сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуллозода Файзулло иштирок  ва  суханрони намуданд.

Қайд гардид, ки курси мазкур бо мақсади такмили маҳорату малакаи кормандони хадамоти кадрии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, шиносои бо меъёрҳои нави қонунгузорӣ, истифодаи воситаҳои муосири технологӣ дар раванди фаъолияти корӣ ва талаботи гузаштан ба ҳукумати электронӣ ташкил ва баргузор карда мешавад, зеро рақамикунонӣ айни ҳол талаботи муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Рақамикунонӣ дар хизмати давлатӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ба таври электронӣ ба роҳ монда шуда, омилҳои иштироки инсон дар он камтар мегардад.

Ҳамчунин  дар фарҷоми маросими ифтитоҳ ба шунавандагон дар ҷараёни азхудкунии модулҳои таълимӣ муваффақияту бурдбориҳо таманно карда шуд.

 

 

Агентии хизмати  давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон