Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 30 январи соли ҷори  дар толори калони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А., директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. ва омӯзгорону кормандони Академияи идоракунии давлатӣ ҷамъомади ҳайат баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. қайд намуд, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатӣ тағиротҳои кадрӣ ворид карда шуд.       Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2023, №725 Ғафурзода А.Д. аз вазифаи ректори Муассисаи олии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан озод гардида бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2023, №737 Сафарзода Д.Ҷ. (собиқ ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим) ба вазифаи ректори Муассисаи олии таълимии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шуд.

Дар рафти ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А., директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. аз хизматҳои шоиста ва фаъолияти босамари Ғафурзода А.Д. ёдовар намуданд ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъда ва ба ректори тозатаъин Сафарзода Д. дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбия бурдборӣ таманно карда шуд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон