Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Котиби мақомоти васояту парасторӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (агроном)-и шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  5. Мутахасиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.
  7. Мутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.
  8. Мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.
  9. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

  1. Сармутахассис (муҳандис заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2071,10 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (сармуҳосиб) -и Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2071,10 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1415,20 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Ќалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар (оид ба андоз)-и Ҷамоати деҳоти Ќалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1695,80 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбар (оид ба омор)-и Ҷамоати деҳоти Ќалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1695,80 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Ќалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1695,80 сомонӣ.
  8. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарафшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2071,10 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зарафшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2071,10 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Зарафшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1695,80 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Зарафшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1695,80 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар (оид ба андоз) – и Ҷамоати деҳоти Нўшор – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1695,80 сомонӣ.
  13. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2071,10 сомонӣ.
  14. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2071,10 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1695,80 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-  ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ

-  варақаи баҳисобгирии кадрҳо

-  2 дона расм (андозаи 4 х 6)

-  нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти зарурии касбӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии меҳнатӣ, аз ҷумла собиқаи корӣ аз рўи ихтисос (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи амволи хизматчии давлатӣ

-  маълумотномаи тиббии шакли муқарраргардида

-  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд)

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ

- маълумотнома (резюме)

- донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта  мешавад.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳраки Тоҷикобод,  кўчаи  Исмоили  Сомонӣ – 13,

Телефонҳо барои тамос: 8(3154) 2-14-10, 8(3154)2-14-10  

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.