Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 5559,69 сомонӣ.
  2. Мутахассиси раёсати назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1862,60 сомонӣ.
  3. Муовини сардори раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 4568,20 сомонӣ.
  4. Сармутахссиси раёсати назорат дар соҳаи сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2780,00 сомонӣ.
  5. Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3739,90 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2780,00 сомон.
  7. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1862,60 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси шуъбаи назорати шабакаҳо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2780,00 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати шабакаҳо ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2265,70 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1959,90 сомонӣ.
  11. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4 ҷой, маоши мансабӣ - 2390,80 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1959,90 сомонӣ.
  13. Сармутахассиси Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 2390,80 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1959,90 сомонӣ.
  15. Мутахассиси Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1612,40 сомонӣ.
  16. Мутахассиси Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612,40 сомонӣ.
  17. Муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3940,70 сомонӣ.
  18. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Истаравшан – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1862,60 сомонӣ.
  19. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1862,60 сомонӣ.
  20. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1959,90 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринпешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони директори Агентӣ

- варақаи шахсӣ

- тарҷумаи ҳол

- маълумотномаи шахсӣ (СИВИ)

- сурати 3х4 (4дона)

- нусхаи шиноснома

- нусхаи диплом

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

- нусхаи дафтарчаи ақди никоҳ

- маълумотнома аз андоз (ИНН)

- маълумот дар бораи даромад ва ваъзи молу мулк (эъломия)

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ)

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ

- нусхаи билети ҳарбӣ

- маълумотнома аз ҷойи истиқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров 35

Телефон барои тамос:2222900.

Сомона:www.energonadzor.tj, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии  Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.