Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Балҷувон:

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  4. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  5. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Сари Хосор 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071 сомонӣ.
  6. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Куханшахр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  7. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1965 сомонӣ.
  8. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сафобахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  9. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Сари Хосор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.
  11. Мутахассиси Ҷамоати даҳоти Сафобахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.
  12. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       Ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Балҷувон, кўчаи марказӣ, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, ошёнаи якум, утоқи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо

Телефонҳо барои тамос: (83357) 21274;  100887734, 938260990, почтаи электронӣ; Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Балҷувон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.