- Сардори Раёсати сирояти ниҳоят хавфнок - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4200,90 сомонӣ.
- Сардори шуъбаи гигиенаи хўрока ва гигиенаи меҳнат - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
- Мудири бахши муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2200,50 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши аккредетатсия, аттестатсия ва сертификатсия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати сироятҳои ниҳоят хавфнок – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2099,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ - 1 ҷой, маоши манасбӣ 2099,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи гигиенаи хўрока ва гигиенаи меҳнат - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати сирояти ниҳоят хавфнок – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1716,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи гигиенаи коммуналӣ ва гигиенаи кўдакон ва наврасон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати сироятҳои ниҳоят хавфнок – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415 ,20 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши коргузорӣ ва ташкилию оморӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415 ,20 сомонӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори раёсатро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оид ба доғи судӣ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат (ҳайати оила);
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко 69, индекс: 734025,
Телефонҳо барои тамос: (992 372) 227-49-47, 5555-03-012.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.