- Сармутахассиси бахши ташкили хизматрасонии тиббӣ ба калонсолон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1995 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
- Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- 2 дона акси андозаи 4х6 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;
- нусхаи шиноснома;
-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;
- маълумот оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқарраргардида;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
- маълумотнома (справка-объективка).
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур кўчаи Нарзиқулов-8,
Телефон барои тамос: 223-11-93, почтаи эл: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.