Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши санҷиши рафти корҳои сохтмонӣ ва сифати масолеҳи сохтмонӣ – 1 ҷой, маоши мансаби – 2205 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши кадр ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансаби - 1636 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи умумии меҳнаӣ ё 3 сол собиқи хизмати давлатӣ;

- донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

           Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона акси андозаи 4х6 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;

- нусхаи шиноснома;

-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;

- маълумот оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- маълумотнома (справка-объективка).

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ кўчаи Н. Ќарабоев 48, потаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон барои тамос: 2334030

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии шаҳри Душанбе муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.