Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой, маоши мансаби – 4629 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва дурнамо - 1 ҷой, маоши мансаби – 1890 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансаби – 1890 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ - 2 ҷой, маоши мансаби – 1890 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат - 2 ҷой, маоши мансаби – 1890 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши котибот – 1 ҷой, маоши мансаби – 1890 сомонӣ.
  7. Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой, маоши мансаби – 1554 сомонӣ.
  8. Мутахассиси раёсати электроэнергетика – 1 ҷой, маоши мансаби –1554 сомонӣ.
  9. Мутахассиси раёсати захираҳои об – 1 ҷой, маоши мансаби – 1554 сомонӣ.
  10. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, 1 ҷой, маоши мансаби – 1554 сомонӣ.
  11. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансаби – 1554 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Бароии шғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (шахсии) баҳисобгирии кадрҳо 2 дона акси ¾, 2 дона 4/6;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли-№038;

- нусхаи шиноснома;

- эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани ъломия;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда РМА, нусхаи суғуртаи   иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд).

  

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ (нусхаи ҳуҷҷатҳо

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1.

Телефон барои тамос 235-97-68, mewr.tj, e-mail: kadr vazorat @ mail.ru

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.