Воҳидҳои сохтори Дастгоҳи раиси ноҳия Данғара:
- Сармутахассиси шуъбаи коргузори, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастгоҳи раиси ноҳия Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара:
- Сармутахассис - котиби мақомоти васояту парасторӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Ҷамоати шаҳраки Данғара:
- Мутахассиси пешбари- нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Себистон:
- Мутахассиси пешбари- нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассис андозгундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Пушинг:
- Мутахассиси пешбари андозгундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Пушинг - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Лолазор:
- Мутахассиси хазинадори ва андозғундорӣ Ҷамоати деҳоти Лолазор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Корез:
- Сармутахассис муҳандис – заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Корез - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари рушти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҷамоати деҳоти Корез - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти ба номи И.Шарифов:
- Сармутахассис муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари рушти иҷтимоӣ ва робит бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти И.Шарифов - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари хазинадор ва андозғундори Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов - 1 ҷой, маоши мансаби – 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси хазинадор ва андозғундори Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов - 1 ҷой, маоши мансаби – 1276,00 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Сафобахш:
- Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Сафобахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари руштӣ иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Сафобахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Сангтуда:
- Сармутахассис оид ба корҳои омории Ҷамоати деҳоти Сангтуда - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Сангтуда - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
- Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сангтуда - 1 ҷой маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
- Мутахассиси андозғундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Сангтуда - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276 сомонӣ.
Ҷамоати деҳоти Лаҳур:
- Сармутахассис - муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.
Талаботи тахуссуси
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми танбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
Талаботи тахуссуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ);
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми танбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
Талаботи тахуссуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси
- таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасотӣ миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират;
- малакаи кор бо компиютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3x4, 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи шиноснома.
- нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (агар шахс ойладор бошад);
- нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
- тавсифнома аз ҷои кори охирин (омўзиш)
- тавсифҳо, тақризҳои ташкилотҳо ва шахсони холис;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ноҳияи Данғара, кучаи Марказӣ №56, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ошёнаи 2, утоқи 17
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.