- Сармутахассиси соҳаи чорводорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1990 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба унвони сардори Раёсат
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома(объективка);
- нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);
- ( 4 дона расми 3х4)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Кӯлоб хиёбони Исмоили Сомонӣ-35
Телефон барои тамос: (83322) 2-33-93; (83322) 2-39-62.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.