- Мутахассиси пешбари шуъбаи идораи амволи давлатии Раёсат - 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Маоши мансабӣ - 1635 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони сардори Раёсат;
-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-2 дона расми ¾
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда).
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-маълумотнома (справка-абъективка);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кўчаи Сино-3
Телефон барои тамос: 2-31-86
Мухлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.