- Мудири Бахши аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи роҳи оҳани Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Бахши аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ҳамлу нақли автомобилии Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назароати Раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).
- нусхаи СИН
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14
Телефонҳо барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.