- Сармутахассиси раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1995 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати таъминоти методӣ дар самти омор - 1 ҷой маоши мансабӣ - 1635 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи ҳуҳуқ, котибот ва ташкилии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1345 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии тоҷикистон;
-донистани конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии тоҷикистон;
- донистани конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шўъбаро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ.
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии тоҷикистон;
-донистани конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 уе;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, «хиёбони рўдакӣ 18»
Телефонҳо барои тамос: 227-46-65, 917-93-88-88.
Сомонаи сарраёсати маорифи шаҳри дуашнбе -www.dushanbemaorif.tj, e-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.