- Сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320,25 сомонӣ.
- Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 4629,35 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Мутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
- Муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3803,80 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320,25 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А,
Телефонҳо барои тамос: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., сомона: www.maorif.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.