- Ёрдамчии судяи Суди консититутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии
ёрдамчии судяро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мон
дани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани на кам аз ду забони давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
- кор тавонистан бо бо компютер;
- донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ.
Маоши мансабӣ - 2560 сомонӣ, иловапулӣ, барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Сармутахассис-сармуҳосиби шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассис-сармуҳосибро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
- кор тавонистан бо компютер;
- донистани забонҳои русӣ ва англисӣ пазируфта мешавад.
Маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ, иловапулӣ, барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом, замимаи диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулк;
- нусхаи шиноснома дар шакли пластикӣ (дар ҳолати иваз шудани ному насаб ва номи падар, нусхаи шаҳодатномаи таввалуд ва шаҳодатномаи иваз намудани ному насаб);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 48,
Телефон барои тамос:227-38-09.
Веб-сайти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.»
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.