- Мутахассиси пешбари дастгоҳи марказии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2088 сомонӣ.
- Мудири Бахши Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2821,50 сомонӣ.
- Сармутахассиси Бахши Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2099,6 сомонӣ.
Талаботи тахассуси:
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассуси:
Барои ишғоли мансаби мудири Бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассуси:
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ;
- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома (объективка);
- папка файли 60 варақа;
- Тавсифнома аз ҷойи кори охирон;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 23.
Телефонҳо барои маълумот: 233-30-85, 233-30-85.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
Саволҳо барои озмуни БНТК
1.Савол: Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр дода шавад.
2.Савол: Рамзҳои давлатии Тоҷикистон номбар карда шавад.
3.Савол: Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол таъсис дода шудааст?
4.Савол: Низомномаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба қабул шудааст.
5.Савол: Хизмати давлатӣ чист?
6.Савол: Фаъолияти Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст?
7.Савол: Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд.?
8.Савол: Се шохаи асосии ҳокимияти давлатиро номбар кунед?
9.Савол: Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси кадом принсипҳо амалӣ мегардад.
10.Савол: Моддаи 262. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро шарҳ диҳед ?
11.Савол: Мафҳуми “терроризм ва амалӣ террорестиӣ шарҳ дода шавад.
12. Савол: Кай ва бо кадом роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудааст?
13.Савол:Дар бораи Консепсияи сиёсати даавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод намоед?
14 Савол: Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад.?
16.Савол: Дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ муоинаи ҳатмии давлатии солонаи техникаи кишоварзӣ гузаронида мешавад?
17.Савол:Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист» дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад?
18.Савол: Тартиби ба қайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгард ва ядаку нимядакҳои тракториро кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим медарорад?
19.Савол: Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чанд бор қабул шудааст?
20.Савол: Парламенти касби чи маъно дорад?
21. Савол: Синни ниҳои дар хизмати давлатӣ.?
22.САВОЛ: Муоширати хизматчии давлатӣ бояд чӣ гуна бошад?
23.САВОЛ: Шахси мансабдор кист?
24.САВОЛ: Роҳбар кист?
25.САВОЛ: Зери мафҳуми ҷаласаи корӣ чиро мефаҳмед?
26.САВОЛ: Зери мафҳуми вазифа чиро мефаҳмед?
27.САВОЛ: Вакансия чист?
28.САВОЛ: Хизматчии давлатӣ дар давоми сол ба ғайр аз рухсатии расмии пардохтшаванда боз чӣ гуна ба рухсатиҳо баромада метавонад?
29.САВОЛ: Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?
30.САВОЛ: Оё хизматчии давлатӣ ҳуқуқ ба тиҷорат машғул шудан дорад?
31.САВОЛ: Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос гузаронида мешавад ва аз аттестатсияи навбатӣ гузараштани хизматчиёни давлатӣ дар кадом мўҳлат муқаррар карда шудааст?