- Мутахассиси пешбари- Агентии меҳнат ва шуғл аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ- 1 ҷой,
Талаботи тахассуси барои довталабон:
таҳсилоти олии касбӣ,ки ичрои самараноки вазифахои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ихтисоси , ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ,илмҳои гуманитари ё дақиқ.
1-сол обиқаи умумии меҳнатӣ
малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ - 1604,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Љадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси - Агентии меҳнат ва шуғл аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой,
Талаботи тахассуси барои довталабон:
- таҳсилотии олӣ ё миёнаи касбӣ, бо ихтисоси иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос,илмҳои гуманитари ё дақиқ
- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер;
Маоши мансабӣ - 1275,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Љадвали ягонаи тарифӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба номи сардори Раёсат
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот(диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);
-маълумотнома оиди вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;
-маълумотнома оид ба доғи суд=;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк;
-маълумот аз ҷои истиқомат;
-маълумот (объективка)
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
ВМКБ,шаҳри Хоруғ, кучаи Н.Атобек 16,бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, ошёнаи 2.
Телефонҳо барои тамос: 2-43-93, 2-60-64
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.