Дастгоҳи марказии Кумита
- Сардори Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4409,90 сомонӣ.
2.Муовини сардори Раёсат - сардори шуъба назорати байтории Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3626,15 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи назорати зотпарварии Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ – 2204 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт:
- Мудири бахш- сармуҳосиб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2319,90 сомонӣ.
- Сармутахассис - ҳуқуқшинос - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2099,60 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии шуъбаи Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ:
- Мудири бахш- сармуҳосиб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2319,90 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар ВМКБ:
- Мудири бахш- сармуҳосиб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2369,90 сомонӣ.
- Мудири бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2680,70 сомонӣ.
- Сармутахассис-ҳуқуқшинос- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1941,45 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1722,9 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон:
- Сардори шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3385,80 сомонӣ.
- Мудири бахш-сармуҳосиб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2319,90 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2519,52 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2013,76 сомонӣ.
Раёсати Кумита дар вилояти Суғд:
- Мудири бахш- сармуҳосиб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2319,90 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ - 2013,76 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори Раёсат:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират ва маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- маҳорати кор бо компютер, донишу малакаи кофӣ аз рўи ихтисос.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби муошират ва маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- маҳорати кор бо компютер, донишу малакаи кофӣ аз рўи ихтисос.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- 2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);
- маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- маълумотнома (справка- объективка) хаттӣ ва электронӣ.
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038у);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Теҳрон - 21
Телефон барои тамос: 2-23-16-51
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.