- Мутахассиси пешбари дастгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии (бакалавр)
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ) ;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад) ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038) ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андоз супоранда (ИНН) ;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк ;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат ;
-маълумотнома оиди доғи судӣ ;
-нусхаи шиноснома ;
-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ;
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН) ;
-нусхаи билети ҳарбӣ ( шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд) .
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кучаи Айнӣ-3, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятиХатлон.
Телефонҳо барои тамос: 8-3222- 2-83-19, 2-41-46.
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз, аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.