- Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зонг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1287 сомонӣ.
Талаботи тахассуси барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои равияҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ, таърихшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисоди идоракунии давлатӣ, фалсафӣ, омўзгорӣ.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
- донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.
- донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқӣ манфиятҳои давлатӣ;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1246 сомонӣ.
Талаботи тахассуси барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои гуманитарӣ, аз ҷумла таърих ва ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, шарқшиносӣ, филологияи тоҷик, иктисодчӣ;
-донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.
- донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқӣ манфиятҳои давлатӣ;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи раиси ноҳия;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Маркази ноҳияи Ишкошим, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим , кӯчаи М.Бобоков 7.Индекс 736500
Телефонҳо барои тамос: 93-541-41-70, 501-07-36-59 факс: (83553) 21-1-25
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.