Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси Бахши парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
  7. Мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554 сомонӣ.

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи таассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 - 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)

- маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба

   вазъи молу мулкӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;

- маълумотнома (объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, н. Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1

Телефонҳо барои тамос: 235-39-18, 235-38-61, 235-38-44, 235-38-17.

почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.