- Мутахассиси пешбари бахши дастгирии соҳибкории Раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 972,90 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони сардори Раёсат;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- 2 дона расми андозааш 4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда);
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусха билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонамудаанд);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кўчаи Сино-3
Телефон барои тамос: 2-31-86
Муҳлати қабулиҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳармоҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.