Раёсати шаҳрсозӣ
- Мутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.
Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон:
- Мутахассиси пешбари раёсат - 2 ҷой, маоши ансабӣ - 1286 сомонӣ.
Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ
- Сармутахассиси раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
- Мутахассиси раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.
Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ:
- Сардори шуъбаи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва амалигардонии раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2115 сомонӣ.
Раёсати корҳо:
- Ёвари Раис - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
- Мутахассис пешбари раёсат - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1286 сомонӣ.
Шуъбаи ҳуқуқ:
8.Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои (бо 2 дона акси андозаи 4x6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотномаи доѓи судӣ
-маълумотнома (объективка)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36
Телефон барои тамос: 221-98-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.