- Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3635,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2011,50 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2011,50 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1494,00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,30 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори шуъба:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10,
Телефон барои тамос: 221-47-87
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.