- Мудири бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1653,90 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва ҳуқуқи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, - маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, - маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санаду меъёрҳои соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(агар шахс оиладор бошад);
-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
Телефонҳо барои тамос: 223-17-59