- Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мутахассис:
– таҳсилоти олї ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешавад:
- аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 донаги расмҳои андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Бӯстон -3,
Телефонҳо барои тамос: 225 – 06 – 43, 225–08–14, 225-08–16 e-mail:Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; web:http://www.forest.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.