Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ:
- Сардори раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3143,90 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1577 сомонӣ.
- Мутахассиси раёсати содироти маҳсулоти кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт:
- Мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1422,95 сомонӣ.
Раёсати молия ва таъмини ҳуқуқӣ:
- Сармутахассиси раёсати молия ва таъмини ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1577 сомонӣ.
Раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ:
- Мутахассиси пешбари раёсати содироти маҳсулоти саноатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1286,50 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе:
- Мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд:
- Мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
Бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон:
- Мутахассиси пешбари бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус:
- Мутахассиси бахши кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори Раёсат:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва сандҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун њуљљатњои
зерин пешнињод карда мешавад:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турзунзода - 23.
Телефон барои тамос: 487011616, суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., сомона: www.export.tj
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.