Дастгоҳи марказӣ:
- Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3300,35 сомонӣ.
- Сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3300,35 сомонӣ.
- Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши молия ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1475,20 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1010,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ:
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ,банақшагирии рованди кор ва кор бо тобеон:
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 3 дона акси андозаи 4 х 6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷчатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;
- нусхаи рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3),
Телефонҳо барои тамос: 225-83-28, 225-83-32.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.