- Сармутахассиси бахши ташкилӣ ва мутобиқати Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(агар шахс оиладор бошад);
-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода 34.
Телефон барои тамос: 223-17-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.