- Мудири бахши иттилоот, технология ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1497,00 сомонӣ.
- Мудири бахши ободонӣ ва кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1497,00 сомонӣ.
- Сармутаассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,00 сомонӣ.
- Сармутаассиси бахши кишоварзи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913,00 сомонӣ
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғолкунандагони мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом бо замимааш;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотномаи тиббӣ 038УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (син)
- маълумотнома (справка-объективка).
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ аз ВКД (ИТС).
- нусхаи билети ҳарбӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Неъмат Қарабоев 40,
Телефонҳо барои тамос: 233-60-32,233-60-12
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.