- Сармутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати банақшагии муҳосибот ва молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502,30 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати банақшагии муҳосибот ва молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рўи замин ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи мониторинги ифлосшавии обҳои рўйи замин ва нурафкании Раёсати мониторинги муҳити зист - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати таъминот ва хоҷагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати шабакаҳои давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати назорат ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи тахлили-иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинги ифлосшавии атмосферӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шўъбаи тахлили иттилоотии обуҳавошиносӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1062,40 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис;
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ монондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар;
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда муввофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис;
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомот;
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-4 дона расми 3х4 ранга;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ(барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (сиви-обьективка);
-маълумотнома оиди надоштани доғи Судӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Кӯчаи Б.Ғафуров-373, Раёсати кадрҳо.
Телефонҳо барои тамос:44-600-02-15,918-65-84-74, 947-44-44-00.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.