Прокуратураи вилояти Хатлон
- Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медарорад;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ;
Маоши мансабӣ 1045,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- нусхаи билети ҳарбӣ (ба истиснои занон).
- маълумотномаи МИ РВКД дар в.Хатлон оиди доғи судӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Бохтар, кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев 8, прокуратураи вилоят.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Телефон барои тамос: 83222-2-55-00.
Шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-84-47 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.