- Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини вилояти Суғд – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, заминсозӣ, кишоварзӣ, омўзгорӣ ва идоракунии давлатӣ бартарӣ дода мешавад);
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-кор карда тавонистан бо компютер ва барномаҳо;
Маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бўстон – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд;
-кор карда тавонистан бо компютер;
Маоши мансабӣ 1045 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, К.Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич, - 5 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад);
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-кор карда тавонистан бо компютер ва барномаҳо;
Маоши мансабӣ 1228,40 сомонӣ,иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Хуҷанд, кўчаи Фирдавсӣ – 116. Шуъбаи умумии Кумитаи идораи замини вилояти Суғд.
Телефон барои тамос: (8-34-22) 6-21-97.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
-
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.