Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси бахши муҳосибӣ ва кадрии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ – 1 ҷой,

      Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

         - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

Маоши мансабӣ 1012 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

  Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, на камтар аз 21 рӯз, пас аз чопи эълон дар бораи   

  гузаронидани озмун;

 

  Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

  Шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 23.

  Телефон барои тамос: (992 37) 233-30-55, 233-30-80. 

  Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рўз аз рўзи нашрияҳои расмӣ.

  1. *Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

    ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.