1.Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ.
2.Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ.
4.Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1472,40 сомонӣ.
5.Муовини сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2339,3 сомонӣ.
6.Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
7.Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ.
8.Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
9.Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
10.Сармутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
11.Мутахассиси Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ.
12.Мутахассиси пешбари Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
13.Сардори Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Зарафшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1755,05 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;
– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
– маълумотнома оид ба доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;
– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рўзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.
-
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.