- Мудири шуъбаи савдо ва мониторинги бозори истеъмолӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1914 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи савдо ва мониторинги бозори истеъмолӣ- 1 ҷой маоши мансабӣ- 1427 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи савдо ва мониторинги бозори истеъмолӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 962 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахси ба унвони Сардори Раёсат;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд)
-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ
-гувоҳномаи иқомат
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷатҳо ба нишонаи зерин бояд пешниҳод карда шаванд: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз тақвимӣ мебошад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.
-
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.