-
- Мудири шуъбаи назорати иҷрои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1825,25 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи назорати иҷрои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши саноат ва энергетикаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи назорати иҷрои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913, 00 сомонӣ.
- Мудири шуъбаи коммуналӣ ва манзилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1825,25 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзӣ ва ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи коммуналӣ ва манзилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансабӣ - 913, 00 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мудири шуъба:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабӣ мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Хиёбони Исмоили Сомонӣ - 62, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо телефон: 250 30 30, 250 30 25.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.