1.Сармутахассиси шуъбаи назорати нафту газ ва ангишт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1502 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи назорати нафту газ ва ангишт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427 сомонӣ.
- Мутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1215 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии энергетикии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1007 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи (анкетаи ) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи
шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушахассиси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумонома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимои (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
- маълумотнома (справка - объективка)
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), (муҳандис - сохтмончӣ - ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
шаҳри Душанбе, кўчаи Қаҳҳоров - 35
Телефон барои тамос: 222-29-00, 222-25-02
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар
бораи гузаронидани озмун.
Ҳуҷҷатҳои аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.