- Сармутахассиси раёсати тарҷума – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
- Сармутахассиси раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
3 Сармутахассиси шуъбаи молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати тарҷума - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ.
- Мутахассиси раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи
озмун пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
- нусхаи шиносномаи шахсӣ;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 42,
Телефонҳо барои маълумот: 221-33-07.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз санаи нашри эълони мазкур.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.