Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
- Сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1294,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1062,40 сомонӣ.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
- Сармутахассис – муҳандис-заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,80 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари андозчии Ҷамоти шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба корҳои ободони Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 871,50 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон: (8-34-52) 5-21-98,
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.