Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Референти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3054 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси раёсати тарҷума – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси шуъбаи молия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2011 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши таъмини фаъолияти кумита ва комиссияҳо - 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1494 сомонӣ.
  8. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
  9. Мутахассиси раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
  10. Мутахассиси раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.
  11. Мутахассиси раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1228 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби референт:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

 

 

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

         - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

         - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ва миёнаи  касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ.

 

Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи

  озмун пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- эъломия дар бораи  даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

- нусхаи шиносномаи шахсӣ;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

       -  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд.

 

Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 42,

телефонҳо барои маълумот: 221-33-07

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз санаи нашри эълони мазкур.