- Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-2158,00 сомонӣ.
- Сармутахассис- котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1076,00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ-883 сомонӣ.
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1028,10 сомонӣ.
- Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Муҷун – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1028 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ -841 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Яхтан 1 ҷой, маоши мансабӣ-842 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ-842 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ғазантарак -1 ҷой, маоши мансабӣ-840 сомонӣ.
- Мутахассиси андози Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ -690 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- маълумотнома оиди надоштани дощи судӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, кор карда тавонистан бо компютер.
-Дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
-Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳраки Ғончӣ, кўчаи Исмоили Сомонӣ -20, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, ҳуҷраи 23, телефон барои тамос 8 (3464) 2-42-16, суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.