Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАЁСАТИ КИШОВАРЗИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МИНТАҚАИ КЎЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ 1 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассиси соҳаи механикакунонии раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2515,90 сомонӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадории мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи сардори Раёсат (шакли муқарраршуда);

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (2 дона акси андозааш 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар барои таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

— маълумот оиди вазъи саломатӣ (шакли 0,38УЕ);

— нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранда);

— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро намудаанд);

— маълумот дар бораи надоштани таъқиби ҷноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Кўлоб хиёбони Исмоили Сомонӣ -35.

Телефонҳо барои тамос:- (83322) 2-33-93; (83322) 2-39-62

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии  Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин